Раҳбари муаззами инқилоб: Шаҳид ва шаҳодат дарбардорандаи маҷмуае аз арзишҳо аст
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, шаҳиду шаҳодатро дарбардорандаи маҷмӯъае аз арзишҳои миллӣ, динӣ, инсонӣ ва ахлоқӣ баршумурданд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори дастандаркорони баргузории Конгресси шуҳадои Қум, ки дар таърихи 30 октябр баргузор шуда буд ва имрӯз (панҷшанбе) дар маҳали баргузории ин ҳамоиш дар Қум мунташир шуд, бо таъкид бар лузӯми зинда нигаҳи доштани ёди шаҳидону шунидани паёми онҳо, Қумро шаҳри «қиёму иқома» хонданд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба нақши дурахшони мардуми Қум дар пирӯзии инқилоб ва дифои муқаддас ва имтиҳонҳои пай дар пай то имрӯз, бар нишон додани вижагиҳои барҷастаи шуҳадо бо забони ҳунар таъкид ва хотирнишон карданд: Ҳар як аз ҳаводиси дурахшони қабл ва баъд аз инқилоб монанди ситора ва нуқтаи дурахшони тарихӣ аст ва ҳодисаи ахири Шоҳчароғ низ яке аз ин ситораҳо аст, ки агарчӣ иддаеро доғдор ва дилҳои ҳамаро саршор аз ғаму андӯҳ кард, аммо дар таърихи кишвар мондагор мешавад ва нишонаи зинда будани миллат ва мояи ифтихор ва сарбаландӣ аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, шаҳиду шаҳодатро дарбардорандаи маҷмӯъае аз арзишҳои миллӣ, динӣ, инсонӣ ва ахлоқӣ баршумурданд ва афзуданд: Шаҳид мазҳари «имони содиқ» ва «амали солеҳ» ва «ҷиҳод дар роҳи Худо» аст ва ҳувияти миллиро иртиқо медиҳад ҳамчунон ки имрӯз фидокориҳои шаҳидону падарону модарони онҳо мӯҷиби азимати миллати Эрон шудааст.
Эшон ҳамчунин шаҳодатро мазҳари фидокорӣ ва шуҷоат хонданд ва тасреҳ карданд: Шаҳиди дифои муқаддас ҷони худро дод то душмани хабису золим натавонади ваъдаи худ, яъне расидан ба Теҳрон ва ба зиллат кашидани миллатро амалӣ кунад ва шаҳиди амният низ ҷони худро барои амнияту осоиши мардум фидо мекунад, ки ин фидокориҳо таҷассуми ҳамаи маорифи ахлоқии наҳуфта дар шаҳид ва шаҳодат аст.
Раҳбари муаззами инқилоб, шаҳодатро муомила бо Худо ва таъминкунандаи масолеҳи миллӣ донистанд ва гуфтанд: Шаҳодат мояи ҳамдилӣ, ва ҳамчун нахи тасбеҳе аст, ки маҷмӯъае аз қавмиятҳо ва забонҳои мухталифро дар меҳан ба ҳам пайванд зада ва дар ҳар шаҳр номи шаҳидоне барҷаста аст, ки бо як ҳадаф ва дар як саф бо дигар ҳамватанони худ барои иззати ислом ва азимати Ҷумҳурии исломӣ ва тақвияти Эрон ба шаҳодат расидаанд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ибрози умедворӣ карданд, ҳамаи касоне, ки дил дар гаравии ислом ва инқилоб ва миллат доранд барои кӯдакон ва наслҳои нав ва барои Эрони азиз ҳамаи тавону зарфияти худро бакор гиранд то ёду паёми шаҳидон истимрор ёбад ва мунтақил шавад.