Ноябр 19, 2022 14:25 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Исфаҳон шаҳри илму ҳунар ва ҷиҳод аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидор бо ҷамъе аз мардуми Исфаҳон таъкид карданд : Исфаҳон шаҳри илму ҳунар ва ҷиҳод аст .

Дар айёми солгарди ҳамосаву исори мардуми Исфаҳон ва ташйиъи 370 шаҳиди амалиёти Муҳаррам дар шаҳри Исфаҳон,ҷамъе аз мардуми ин устон, имрӯз ( шанбе ) бо ҳузур дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор таъкид карданд : Исфаҳон шаҳри илм аст, шаҳри ҳунар аст, шаҳри ҷиҳод аст, шаҳри зинда аст .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд : Масъалаи оби Исфаҳони масъалаи муҳимме аст, ба масъулини муҳтарами давлатӣ ки воқеани талош ҳам мекунанд, кор мекунанд супориш мекунам дар ин замина ҳар чӣ мумкин аст бештар талош кунанд, ҳар чӣ мумкин аст сариътар кор кунанд ; яъне воқеан мардуми Исфаҳон шоистаи ин ҳастанд, ки мо шаб ва рӯз нашносем .
(Ин хабар такмил мешавад . . .)

 

Барчасп