Раиси созмони энержи атомии Эрон: Тавлиди урониюми 60 дарсади оғоз шуд
-
Раиси созмони энержи атомии Эрон: Тавлиди урониюми 60 дарсади оғоз шуд
Раиси созмони энержи атомии Эрон гуфт: Тавлиди урониюми 60 дарсади дар сойти ҳастаӣ "Фурду" оғоз шуда аст.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Исмоили, раиси созмони энержи атомии Эрон рузи сешанбе дар ҳошияи боздид аз бистумин намоишгоҳи муҳити зист дар Теҳрон дар бораи посухи созмони энержи атомии Эрон ба қатъномаи шурои ҳукоми ожонси байналмиллалии энержи атомӣ афзуд: Фишор ва қатъномаи сиёсӣ чизеро тағир намедиҳад ва судури қатънома вокуниши ҷиддии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Исломӣ гуфт: Дар ҳоли ҳозир беш аз ҳафт миллион бушка нефт аз замони баҳрабардори аз неругоҳи Бушеҳр сарфаҷуӣ шуда аст ва бо таваҷҷуҳ ба таъкиди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мабни бар истифода аз энержии пок қонуни ҳадафгузории тавсеаи неругоҳҳои атомиро дар дастури кор қарор дод то саҳми энержи ҳастаӣ Эрон ба 20 дарсад афзоиш ёбад.
Раиси созмони энержи атомии Эрон таъкид кард: Дар созмони энержи атомӣ қарор аст дар ду бахши тавлиди барқ аз фановарии ҳастаӣ ва сохту таҷҳизи дастгоҳҳое барои коҳиши олояндаҳо ба махсусан широбаҳо иқдомоти анҷом шавад.
Шурои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержи атомӣ панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар нишасти фаслии худ таҳти фишори шадиди сиёсии кишварҳои Амрико, Англис, Фаронса ва Олмон қатъномаи зидди фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаӣ Эрон ба тасвиб расонд.
Ин севумин қатъномаи шурои ҳукоми ожонси байналмилаллии энержи атмоӣ зидди Эрон пас аз иҷроӣ шудани БарҶом ва баста шудани парвандаи масоили иддаоӣ подмонӣ аст, ки бо фишори режими саҳюнистӣ дар шурои ҳукоми ожонси байналмилаллии энержи атомӣ содир мешваад 19 июни соли 2020 ва 8 июни соли 2022 ҳам қатъномаи мушобеҳи тавассути се кишвари аврупоӣ узви БарҶом ва ҳимояти Амрико пешниҳод ва тасвиб шуда буд, аммо қатъномаи севум нисбат ба ду қатъномаи пешин лаҳни таъкид ва тезтари зидди Эрон ва ҳамкориҳояш бо ожонси байналмиллалии энержи атомӣ дошт.