Декабр 26, 2022 20:44 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати мазлумонаи ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) таслият бод
    Шаҳодати мазлумонаи ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) таслият бод

Дар остонаи солрузи шаҳодати мазлумонаи ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) духтари Паёмбари Акрам(с) Эрони исломӣ сувгвор аст.

Сешанбе 6 деймоҳ баробар бо 3 ҷимодиюлсонии 1444 ҳиҷрии қамарӣ солрузи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) духтари гаронқадри Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммад(с) ва ҳамсари бузургавори ҳазрати Алӣ(а) аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон мардуми мусалмони Эрони исломӣ ҳар сол дар шаби шаҳодати ишон бо ҳузур дар масҷидҳо, ҳусейнияҳо, ва маконҳои мазҳаби ба сувгвори менишинанд.

Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Ризо(а) дар Машҳад ва ҳарами муқадасти ҳазрати Маъсума(с) дар Қум низ ба ҳамин муносибат сиёҳпуш аст ва даста даста дилдодагони аҳли байти исмат ва таҳорат(а) бо ташаруф ба ин маконҳои нурони дар ойнҳои махсуси аъзодори ширкат мекунанд.

Ба ҳамин муносибат фардо дар Эрони исломӣ таътили расми аст ва ҳайатҳои Фотимӣ дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар маросими аъзодори ва пиёдарави барпо мекунанд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) дар 20 ҷимодиусонии соли панҷуми баъсат дар Маккаи мукарам ба дунё омаданд ва аз кӯдаки таҳти роҳнамоиҳои махсуси падарашон Паёмбари Акрам(с) бо маъоли олии Илоҳӣ ошно шуданд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) пас аз 18 сол зиндагии пурбаракат бар асари зулмҳои фаровони ҳокимони вақт ва ранҷу ғами вафоти падарашон ҳазрати Муҳаммад(с) ба ривояти дар 13 ҷимодиулаввал ба ривояти дақиқтар дар 3 ҷимодиулсолнии соли 11 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон низ фарорасидани солрузи шаҳодати духтари набуват, ҳамсари вилоят ва модари имомат ҳазрати Фотимаи Заҳро(с)-ро ба ҳамаи мусалмонон ва бонувони озодахоҳи ҷаҳон таслият мегуяд.

Барчасп