Декабр 17, 2016 17:28 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Англия ҳамвора манбаи таҳдиду фасод барои ғарби Осиё будааст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори масъулони эронӣ ва меҳмонони конфронси «Ваҳдати исломӣ» дар Теҳрон гуфтанд, Англия ҳамеша манбаи таҳдид, фасод ва накбат барои ғарби Осиё будааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз, шанбе дар дидор бо масъулони эронӣ, меҳмонони сиюмин конфронси «Ваҳдати исломӣ», сафирони кишварҳои исломӣ ва қишрҳои мухталифи мардуми Эрон гуфтанд, имрӯз ду ирода дар минтақа дар таоруз бо якдигар қарор гирифтааст: иродаи ваҳдат ва иродаи тафриқа ва дар ин вазъи ҳассос такя бар Қуръону таълимоти илоҳии Паёмбари аъзам (с) ба унвони доруи ваҳдатбахш роҳҳали ранҷҳои дунёи Ислом аст. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ сиёсатҳо ва иқдомоти англисҳоро дар ду қарни ахир ба унвони манбаи шарру накбат барои миллатҳои минтақа мавриди ишора қарор доданд ва ёдоварӣ карданд, дар рӯзҳои ахир англисҳо дар ниҳояти бешармӣ Эрони мазлум ва азизро таҳдиди минтақа номидаанд, аммо ҳама медонанд, ки хилофи ин иттиҳомот ин англисҳо ҳастанд, ки ҳамеша маншаъ ва манбаи таҳдиду фасод, хатару накбат будаанд.

Эшон ҳамла ва куштори мусалмонон аз Миёнмор, шарқи Осиё то Нигерия, ғарби Африқо ва рӯёрӯии мусалмонон дар минтақаи бисёр муҳими ғарби Осиёро аз натоиҷи тавтеаҳои тафриқаангези мустакбирон хонда афзуданд, дар ин авзоъ ва аҳвол шиаи англисӣ ва суннии амрикоӣ мисли ду дами як қайчӣ ба оташафрӯзию ихтилофафканӣ машғуланд. Раҳбари Инқилоби Исломӣ иттиҳодро муҳиммтарин омодагии мавриди ниёзи дунёи Ислом баршумурданд ва аз ҳама фирқаҳои исломӣ, чӣ шиа ва чӣ суннӣ, хостанд аз эҷоди ихтилоф ҳазар кунанд ва вуҷуди нозанини Паёмбар (с), Қуръони маҷид ва Каъбаи шарифро меҳвари ваҳдату ҳамбстагӣ қарор диҳанд.

Пеш аз суханронии Раҳбари Инқилоби Исломӣ Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон солрӯзи вилодати шариф ва нуронии Паёмбари Ислом (с)-ро рӯзи даъват ба ҳаққу ҳама фазоили ахлоқӣ дониста гуфт, сираи Паёмбари акрам (с) васатгузинӣ байни ҳаққу ботил набуд, балки эшон дар арсаи ҳақ қарор доштанд, яъне беҳтарин масирро интихоб мекарданд ва маънои эътидол низ ҳамин аст.

Рӯҳонӣ бо интиқод аз бархе давлатҳои исломӣ, ки аз муваффақиятҳои мардуму артиш дар Ироқ ва Сурия дар мубориза бо терроризм изҳори нигаронӣ ва нороҳатӣ мекунанд, афзуд, мутаассифона, бархе давлатҳои исломӣ ба ҷойи он ки нигарони мардуми мазлуми Сурия ва занону кӯдакон, маҷрӯҳону оворагон дар Ҳалаб бошанд, нигарони сарнавишти террористҳо ва дар пайи солим хориҷ кардани онҳо аз Ҳалаб ҳастанд.

Дар поёни ин дидор ҷамъе аз меҳмонони конфронси “Ваҳдати исломӣ” бо ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба гуфтугӯ пардохтанд.

 

Барчасп