Март 21, 2023 17:08 Asia/Dushanbe
  • Суханрони наврузии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ
    Суханрони наврузии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати соли нав дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо(а) суханрони хоҳад кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имруз сешанбе аввали фарвардини соли 1402 ба муносибати фарорасидани соли нав дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо(а) суханрони хоҳанд кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии KHAMENEI.IR ин барнома бо ҳузури муштоқон ва зоирони ҳарами Разавӣ аз соати 15 оғоз шуда ва дар соати 16 суханронии наврузии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баргузор хоҳад шуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар аёми наврузи се соли гузашта ба иллати тавсияҳои беҳдошти барои пешгири аз густариши бемории корона ба Машҳади муқаддас сафар накард ва дар рузи аввали фарвардини солҳои 1399 то 1401 ба сурати зинда ва телевизиони бо миллати Эрон сухан гуфта буданд.