Март 21, 2023 22:16 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Амиркоиҳо мутаҳайир ва дармондаанд
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Амиркоиҳо мутаҳайир ва дармондаанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҷамъи азизими зоирон ва муҷовирони ҳарами мутаҳҳари Разавӣ бо ишора ба сардаргумии амрикоиҳо дар минтақа таъкид карданд: Амрикоиҳо мутаҳайин ва дармондаанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имруз сешанбе дар аввалин рузи соли нав дар ҷамъи азими зоирон ва муҷовирони ҳарами мутаҳҳари Разавӣ гуфтанд: Роҳ ва сиёсати низом дар минтақа равшан аст ва медонем чи кор мекунем.

Эшон дар идома афзуданд: Аммо амрикоиҳо мутаҳайин ва дармондаанд чаро, ки агар дар минтақа бимонанд монанди Афғонистон бо нафрати рузафзуни миллатҳо муваҷаҳ ва маҷбур ба тарки минатақа мешаванд ва агар биранванд ҳам матомеъи худро аз даст медиҳанд, ки ин сардаргуми нишонаи заъфи ошкори онҳо аст.

Эшон кудитои таҳрим, фишорҳои сиёсӣ, таҳоҷуми расонаӣ бесобиқа, тавтеаҳои амниятӣ ва таҳримҳои бесобиқаи иқтисодиро абъоде аз тавтеаҳои пайвастаи душманон хонданд ва афзуданд: Дар даври ахири ин хусуматҳо раисони Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ аз иғтишошоте, ки соли гузашта дар садаи бисёр андаки ба роҳ андохта буданд сариҳан пуштибони карданд ва бо анвоъи ҳимоятҳои таслиҳоти, сиёсӣ, моллӣ, амниятӣ ва расонаӣ талош карданд ҷумҳурии исломиро ҳадиақал заиф кунанд, аммо дар майдон дуруст баракси ин ҳадаф таҳақуқ ёфт ва ҷумҳурии исломӣ бар ин тавтеаи ҷаҳони пируз шуд ва нишон дод қави ва мустаҳкам аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пешрафт дар илму фановари ва қарор гирифтан дар радаи кишварҳои бартари дунё дар арсаҳои назири нону ва зистфановари, пешрафт дар арсаҳои саломат, ҳавофазо, ҳастаӣ, дифоъӣ, зерсохтҳо, марокизи дармони ва беҳдоштӣ, полоишгоҳ ва дигар арсаҳоро ёдовари карданду гуфтанд: Дар бахши равобити хориҷӣ ҳам талоши душманон барои инзивои Эрон шикаст хурд ва ҷумҳурии исломӣ бо муҳкам кардани сад дар садии равобити худ бо Осиё аз ин пас низ ба густариши иртибототи сиёсӣ, иқтисодӣ, илми ва фановарӣ бо кишварҳои муҳими ин минтақа идома хоҳад дод.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Узвият дар бархе паймонҳои муҳими минтақаӣ ва тақвияти равобит бо Африқо ва Амрикои Лотин аз дигар пешрафтҳои бахши иртибототи хориҷӣ аст зимни ин ки бо аврупоиҳоҳам қаҳр нестем ва агар аз табаъияти Амрико даст бардоранд ҳозирем бо онҳо кор кунем.