Август 20, 2023 18:54 Asia/Dushanbe
  • Азми Қазоқистон барои сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ

Қазоқистон барои таъйини маҳали сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ ва интихоби реактори мавриди ниёз, мутолиоте анҷом додааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси натоиҷи мутолиот, қаламрави рӯстои «Улкен» дар минтақаи Алмаато, беҳтарин минтақа барои сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ шинохта шуд.

Бар асоси қавонини Қазоқистон, тасмимгирӣ дар бораи сохту сози таъсисоти ҳастаӣ ва истифода аз энержии атомӣ бар уҳдаи давлати ин кишвар аст.

Вазорати нерӯи Қазоқистон ҳануз дар бораи ширкати созандаи ин нерӯгоҳи ҳастаӣ тасмиме нагирифтааст; ширкатҳои «CNNC» аз Чин , « KHNP» аз Кореия Ҷанубӣ, «EDF» аз Фаронса ва «Rosatom» аз Русия ба унвони номзадҳои сохти ин пружа матраҳ ҳастанд.

 

Барчасп