Ҳифозат аз марзҳо ; меҳвари машварати мақомоти Қирғизистону Узбекистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i107532
Раисони идораҳои марзии Қирғизистону Узбекистон барои афзоиши таъомулот дар манотиқи марзӣ ва баргузории идомадори рӯйдодҳои фарҳангӣ ва варзишӣ тавофуқ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 26, 2023 10:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳифозат аз марзҳо ; меҳвари машварати мақомоти Қирғизистону Узбекистон

Раисони идораҳои марзии Қирғизистону Узбекистон барои афзоиши таъомулот дар манотиқи марзӣ ва баргузории идомадори рӯйдодҳои фарҳангӣ ва варзишӣ тавофуқ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Айларбек Шаршиев-мудири хадамоти  марзии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ва Салимҷон Ҳасанов- фармондеҳи неруҳои марзии Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар чорчуби аввалин конфаронси кишварҳои ИДМ бо мавзӯи мубориза бо тероризму ​​ифротгароӣ дар бораи масоили марзӣ ва ҳифозат аз марзҳои муштарак табодули назар карданд.
Мақомоти Узбекистону Қирғизистон таъкид карданд тамоми масоили пешомада дар марзҳои муштарак, бояд аз тариқи музокира ва бо риояти дақиқи қоидаҳои рафтории марзбонон ҳаллу фасл шавад.