Арзиши пули Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2016 коҳиш ёфт
(last modified Wed, 04 Jan 2017 06:05:19 GMT )
Январ 04, 2017 11:05 Asia/Dushanbe
  • Арзиши пули Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2016 коҳиш ёфт

Манобеи Бонки марказии Русия эълом кардаанд, ки дар соли 2016 дар миёни пулҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, воҳиди пули миллии Тоҷикистону Узбакистон беш аз ҳама арзиши худро аз даст додааст.

Ба иттилои сайти Бонкии марказии Русия, дар соли 2016 сомонии Тоҷикистон дар баробари доллар 10,4 дарсад арзиши худро аз даст дод .

Ин коҳиш дар ду моҳи нахусти соли 2016 иттифоқ афтод ва бо тадбирҳои сахтгиронаи Бонки миллии Тоҷикистон то поёни соли гузашта аз уфти арзиши сомонӣ ҷилавгирӣ шуд .

Акнун ҳар доллар дар марокизи бонкӣ ва молии Тоҷикистон ба қиммати 7 сомониву 88 дирам то 7 сомониву 90 дирам хариду фурӯш мешавад .

Тибқи эъломи Бонки марказии Узбакистон, соли гузашта арзиши сум, пули миллии ин кишвар низ дар баробари доллар 16 дарсад коҳиш ёфтааст .

Бар асоси ин гузориш, нархи расмии пули миллии Узбакистон аз 2 ҳазору 810 сум барои ҳар доллар дар аввали январи соли 2016 ба 3 ҳазору 232 сеюм дар аввали январи соли 2017 расидааст .

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2016 арзиши воҳиди пули миллии Қазоқистон, Қирғизистон ва рубли русӣ дар баробари доллар афзоиш ёфт ва манати Туркманистон низ дар баробари доллар арзиши худро ҳифз кард .