Ҳамлаи хунини ашхоси мусаллаҳ ба намозгузорон дар Ҳироти Афғонистон
Дар ҳамлаи ашхоси мусаллаҳ ба намозгузорон дар масҷиде дар шаҳраки Андешаи шаҳристони Гузар дар Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон ҳафт нафар ба шаҳодат расиданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Ому ТВ, афроди мусаллаҳи ношинос шомгоҳи душанбе ба масҷиди Имоми Замон (аҷ) дар шаҳраки Андешаи шаҳристони Гузар дар Ҳирот ҳамла карданд.
Дар пайи ин ҳамлаи мусаллаҳона, ки ҳангоми намози шом ва хуфтан рӯй додааст, камаш ҳафт тан аз намозгузорон аз ҷумла имоми ҷамоати ин масҷид, 2 зан ва як кӯдак ба шаҳодат расида ва шуморе ҳам маҷрӯҳ шудаанд.
То кунун ҷузъиёти бештаре дар ин бора мунташир нашуда ва ҳукумати сарпарасти Толибон дар Афғонистон низ баёнияе дар ин хусус мунташир накардааст.
Ҳамчунин ҳанӯз ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро бар уҳда нагирифтааст.