Дидори тими ҷавонони Тоҷикистон бо тимҳои Қирғизистон ва Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i116652-Дидори_тими_ҷавонони_Тоҷикистон_бо_тимҳои_Қирғизистон_ва_Афғонистон
Тими ҷавонони Тоҷикистон зери 17 сол бо тимҳои Қирғизистон ва Афғонистон бози мекунад.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Август 16, 2024 19:00 Asia/Dushanbe
  • Дидори тими ҷавонони Тоҷикистон бо тимҳои Қирғизистон ва Афғонистон
    Дидори тими ҷавонони Тоҷикистон бо тимҳои Қирғизистон ва Афғонистон

Тими ҷавонони Тоҷикистон зери 17 сол бо тимҳои Қирғизистон ва Афғонистон бози мекунад.

Қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ байни тимҳои зери 17 сол дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар натиҷа ҳарифони тими ҷавонони Тоҷикистон мушаххас шуданд.

Ба гузориши Ховар ба нақл аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии футболи зери 17 соли Тоҷикистон бо ҳидояти Морку Роҷинӣ дар гуруҳи "А" бо тимҳои Қирғизистон 17август ва Афғонистон 21 август ба майдон меравад.

Тимҳои Узбекистон, Эрон ва Туркманистон дар гуруҳи "В" ба масоф ҳам хоҳанд рафт.