Маҳкумияти ҳамлаҳои Исроил ба Эрон аз суи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон
(last modified Sat, 14 Jun 2025 07:24:18 GMT )
Июн 14, 2025 12:24 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳамлаҳои Исроил ба Эрон аз суи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба қаламрави Эронро шадидан маҳкум кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон зикр шудааст,ки:   

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо изҳори нигаронии амиқ аз шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна, зарбаҳои низомии ҷониби Исроилро ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси талафоти сершумори ҷонӣ гардид, ҳамчун нақзи муқаррароти меъёрҳои эътирофгардидаи муносибатҳои байналмилалӣ қатъиян маҳкум менамояд.

Дар робита ба ин ҷониби Тоҷикистон ба пайвандону наздикон ва тамоми мардуми бародари Эрон таъзияву таслияти самимии худро иброз дошта, боз ҳам таъкид мекунад, ки ягона роҳи ҳалли ҳамаи буҳрону низоъҳоро дар минтақа дар музокироту муколама мебинад.

Дар ин замина Тоҷикистон аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, то аз амалҳои низомии минбаъда, ки метавонад оқибатҳои фалокатбор дошта бошад,  худдорӣ карда, бо пойбандӣ ба усулҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ҳалли ин буҳрон чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Сомонаи Спутник ,ки изҳороти ёдшударо мунташир кардааст, дар идома чунин афзудааст:  Шаби 13 июн нерӯҳои ҳавоии Исроил чанд мавҷи ҳамларо дар манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла Теҳрон анҷом доданд, ки дар он чанд мақоми баландпояи низомии эронӣ, аз ҷумла раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва камаш шаш донишманд дар соҳаи ҳастаӣ шаҳид  шуданд. Дар ҳамин ҳол шоми 13 июн Теҳрон ба иншооти низомии Исроил ва як маркази тавлиди мушак зарба зад. Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар як ҳамлаи ҷавобӣ ба Исроил, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои нахустин бор дар ҷанг аз мушакҳои баллистикии зериобӣ истифода карданд.