Назарбоев аз масъулиятҳояш мекоҳад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i12511-Назарбоев_аз_масъулиятҳояш_мекоҳад
Раисиҷумҳури Қазоқистон хостори ба ҳукумат ва парлумон супурдани қисме аз салоҳиятҳои президент шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 25, 2017 20:41 Asia/Dushanbe
  • Назарбоев аз масъулиятҳояш мекоҳад

Раисиҷумҳури Қазоқистон хостори ба ҳукумат ва парлумон супурдани қисме аз салоҳиятҳои президент шуд.

Ба иттилои сайти Ахбор, раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 24 январ дар ҷаласаи Гурӯҳи кории масъули тақсими салоҳиятҳо байни шохаҳои ҳукумати ин кишвар гуфт, ки барои мисол, салоҳияти тасдиқи барномаҳо, масоили марбут ба тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва таъсиси ниҳодҳои нави раҳбариро метавон ба ихтиёри ҳукумат ва парлумон дод.

Назарбоев ба хусус ба боло бурдани нақш ва салоҳиятҳои парлумон таъкид кард ва гуфт, азбаски ҳукуматро бояд ҳизби ғолиби интихоботи парлумонӣ ташкил кунад, “Нақши парлумон дар мавриди кори ҳукумат низ бояд дар бисёр масъалаҳо бозбинӣ шавад”.

Ӯ коҳиш додани салоҳиятҳои раисиҷумҳур ва ироаи бахше аз ин салоҳиятҳо ба ҳукумат ва парлумони Қазоқистонро «як марҳалаи мантиқӣ дар рушди кишвар» номидааст.

Назарбоев дар тӯли раҳбариаш тақрибан ҳама салоҳиятҳои муҳими раҳбариро дар дастони худ мунсаҷим кард ва як низоми президентие сохт, ки дар он тақрибан тамоми масоили давлатдориро шахси аввал, яъне худи президент ҳал мекунад.

Таҳлилгарони қазоқ мегӯянд, Назарбоев ба синни 77 расидааст ва дарк мекунад, ки дигар тавони дар даст нигоҳ доштани салоҳиятҳои бешумори президентиро надорад ва мехоҳад як қисми ин салоҳиятро аз дӯши худ ба рӯи шонаи ҳукумат ва парлумон гузорад.