Барномарезии Қирғизистон барои иҷрои бонкдории исломӣ
Раиси идораи судури муҷаввиз ва назорати Бонки марказии Қирғизистон эълом кард, ин кишвар дар ҳоли баррасии тағйироте дар қонун аст, то усули бонкдории мунтабиқ бо қавонини исломиро муаррифӣ кунад.
Ба гузориши Спутник, Жылдыз Сулайманбекова гуфт, вазорати иқтисоди миллии Қирғизистон дар ҳоли баррасии тағйирот ва ислоҳоте дар усули молии исломӣ муртабит бо қавонини молиётии ин кишвар аст, то муҳити молии яксон ва якдастеро эҷод кунад.
Ба гуфтаи вай, бисёре аз кишварҳо аз қабили Англия, Малайзия ва Баҳрайн низ бо тағйири низоми молиёти миллии худ, бонкдории исломиро бо низоми худ мутобиқат диҳанд.
Бонкдории исломие, ки фориғ аз дин ва эътиқоди афрод дар дастраси ҳамагон қарор дорад, дарёфти баҳра ва низ сармоягузорӣ дар ширкатҳоеро, ки манбаъи аслии даромади онҳо аз тариқи қарздиҳӣ аст, манъ мекунад. Ширкатҳо низ ба ҷой пардохти фоизи қарз, бахше аз фоизи худро бо бонк тақсим мекунанд.
Қирғизистон аз даҳ сол қабл, бахшҳое аз бонкдории исломиро вориди низоми бонкии ин кишвар кард.