Феврал 15, 2017 14:58 Asia/Dushanbe
  • Парвандаи қатли домоди раиси ҷумҳурии Қазоқистон баста шуд

Додситони Австрия парвандаи расидагӣ ба марги Роҳат Алиев домоди Нурсултон Назарбоев ва сафири собиқи Қазоқистон дар Австрияро баъд аз ҳафт соли таҳқиқ баста эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, ин тасмими додситони Австрия дар пайи он гирифта шудааст, ки як муассисаи пизишки қонунӣ дар Швейтсария мавсум ба «Сант Голн» эълом кардааст, ки ҳеҷ нишонае барои амдӣ будани марги Роҳат Алиев вуҷуд надорад.

Алиев яке аз тоҷирони муваффақ, дувумин мақоми амниятии Қазоқистон ва домоди Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳурии ин кишвар буд ва дар айни ҳол аз раҳбарони мухолифи ӯ маҳсуб мешуд, ки аз сол 2007 Қазоқистонро тарк кард.

Додгоҳи Қазоқистон ӯро дар соли 2008 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, мушорикат дар қатли ду корманди бонк ва фасоди молӣ гуноҳкор донист ва ба 40 сол зиндон маҳкум кард.

Алиев бо радди ин иттиҳомот гуфта буд, ки тасмимаш барои номзадӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хашми Нурсултон Назарбоевро барангехта ва сабаби пайгарди ӯ шудааст.

Вай дар сол 2011 аз сӯи полиси Австрия боздошт шуд ва қарор буд муҳокима шавад, аммо мақомоти Австрия ду дархости давлати Қазоқистонро барои истирдод Алиев рад карданд.

Ҳашт моҳ пас аз боздошти Роҳат Алиев дар Австрия дар 24 феврали соли 2015 ҷасади ӯ дар боздоштгоҳ дар ҳоле, ки ҳалқовез шуда буд, мушоҳида шуд.

Таҳқиқоти муқаддамотии давлати Австрия нишон дод, ки ӯ худкушӣ кардааст, аммо вакилон ва хонаводааш ба шиддат ин мавзӯъро ба чолиш кашиданд.