Феврал 17, 2017 20:08 Asia/Dushanbe
  • Маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳурии Туркманистон баргузор шуд

Маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳурии мунтахаби Туркманистон дар кохи Руҳияти Ишқобод, бо ҳузури сафирону дипломатҳои хориҷии муқими Ишқобод баргузор шуд.

Дар ин маросим беш аз 3 ҳазор нафар аз чеҳраҳои саршиноси давлатӣ, иҷтимоӣ, донишгоҳӣ, фарҳангиву ҳунарӣ ва дигар қишрҳои мухталифи ҷомеаи Туркманистон ҳузур доштанд.

Ин маросим бо суруди миллии Туркманистон оғоз шуду пас аз он Гулмурод Муродов, раиси Камиссиюни марказии интихоботи Туркманистон натоиҷи расмии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро эълом кард.

Вай гуфт, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии феълии Туркманистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо касби 97, 69 дарсади оро пирӯз шуд.

Дар идома, раиси ҷумҳури мунтахаби Туркманистон барои нишастан ба маснади раёсати ҷумҳурии ин кишвар барои 7 -соли оянда ба Қуръон савганд ёд кард.

Раиси ҷумҳурии мунтахаби Туркманистон дар ин маросим афзуд: “аз тамоми мардум барои ҳузур дар интихобот ташаккуру қадрдонӣ мекунам”.

Вай баргузории интихоботи раёсати ҷумҳуриро як рӯйдоди муҳиму таърихӣ барои ин кишвар унвон карду аз оғози даврони ҷадиди рушду шукуфоӣ барои Туркманистон дар ояндаи наздик хабар дод.

Бердимуҳаммадов изҳор дошт, манобеи зеризаминиву энержии худододӣ ба сурати беҳина истифода хоҳад шуд ва барномаҳои миллӣ ҷиҳати тавсеа, модернизатсия ва санъатӣ сохтани кишвар, иртиқои сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва низ иртиқои обрӯ, ҳайсият ва ҷойгоҳи Туркманистон дар арсаи байналмилалӣ дар дастури кор қарор хоҳад гирифт.

Вай дар бахши дигари суханони худ, дар иртибот бо сиёсати хориҷии ин кишвар гуфт, дӯстӣ, бародарӣ, ҳамкории баробар, ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳалли ихтилофот аз тариқи гуфтугӯ, асли бетарафӣ ва низ тавсеаву густариши равобиту ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои дунё аз муҳимтарин усулу рӯйкардҳои сиёсати хориҷии давлати Туркманистон хоҳад буд.