Май 16, 2017 15:33 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Маркази омӯзиши амнияти ҳастаӣ дар Қазоқистон

Қазоқистон бо ҳамкории Идораи амнияти миллии ҳастаии Амрико Маркази омӯзиши амнияти ҳастаӣ дар минтақае наздик ба Алмаато таъсис кард.

Ба гузориши хабаргузории "АКИ пресс"-и Қазоқистон, ин марказ коркунони таъсисоти ҳастаии дохилӣ, минтақаӣ ва байналмилалиро омӯзиш медиҳад.

Муовини раиси Идораи амнияти миллии ҳастаии Амрико гуфтааст, ин марказ нишон медиҳад, ки Ҷумҳури Қазоқистон мутааҳҳид ба амнияти ҳастаӣ аст.

Қазоқистон бо истихроҷ ва таъмини 37 дарсади ниёзи ҷаҳонӣ ба уран бузургтарин тавлидкунандаи урани ҷаҳон аст. Пас аз Қазоқистон Канада бо 18 дарсад дар ҷойи дуюм ва Австралия низ бо 11 дарсад ҷойи сеюмро ба худ ихтисос додаанд.

 

Барчасп