Таъкиди Узбакистону Русия ба густариши равобит
Мақомоти Узбакистону Русия ба густариши беш аз пеш ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар таъкид карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия шаби душанбе бо истиқбол аз Абдусалом Азизов, ҳамтои узбаки худ вориди Самарқанд, дувумин шаҳри бузурги Узбакистон шуд.
Қарор аст, дар сафари вазири умури дохилии Русия ба Узбакистон протоколе дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни вазоратҳои умури дохилии Узбакистону Русия имзо шавад. Гуфта мешавад, ин протокол, ки пас аз гуфтугӯҳои ҳайати русӣ бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ва дигар мақомҳои ин кишвар имзо мешавад, дар ҳамкориҳо ва фаъолияти муассиру мутақобили созмонҳои амниятии Маскав ва Тошканд нақши вижае ифо хоҳад кард.