Афзоиши ҷаримаи коргарони муҳоҷири қонуншикан дар Русия
Нахуствазири Русия тарҳи ҷадиди ҳукумати ин кишварро барои афзоиши ҷаримаи коргарони муҳоҷири қонуншикани хориҷӣ ба маҷлиси Дума ирсол кард.
Ба гузориши хабаргузории РИА –Новости, дар сурати тасвиби ин тарҳи қонун дар маҷлиси Думаи Русия, ҷаримаи он идда аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ки аснод ва мадорики худро такмил накарда ва ё дар қаламрави ин кишвар бидуни иқомати расмӣ ба сар мебаранд, афзоиш хоҳад ёфт.
Бар ин асос, ҷаримаи нақзи қавонини кор ва иқомат дар Русия барои шаҳрвандони ин кишвар дар сурати додани иқомати ғайриқонунӣ ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз 4 ҳазор рубли феълӣ ба 5 ҳазор рубл, барои корфармоён аз 30 ҳазор ба 50 ҳазор рубл ва барои ашхоси ҳуқуқӣ аз 300 ҳазор ба 500 ҳазор рубл афзоиш хоҳад ёфт.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Русия ба дархости ҳукумати Тоҷикистон барои афви коргарони ихроҷии тоҷикистонӣ аз қаламрави ин кишвар замоне якмоҳа - аз 25-уми март то 25-уми апрел таъйин карданд то мадорики худро такмил кунанд ва ба ниҳодҳои Вазорати дохилаи Русия таҳвил диҳанд.
Бо истифода аз ин фурсат наздик ба сад ҳазор коргари муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз Русия бо такмили мадорики худ афв шуданд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон афви наздик ба 300 ҳазор коргари муҳоҷири ихроҷӣ аз Русияро хостор шуда буданд.
Вазорати дохилаи Русия эълом кардааст, ки он идда аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки ба иллати иртикоби ҷурму ҷиноят аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шудаанд, шомили ин афв нахоҳанд шуд.
Вазорати дохилаи Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар қаламрави Русияро наздик ба як миллион нафар эълом кардааст, ки танҳо дар 3 моҳи нахусти имсол беш аз 400 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон муҷаввизи кор ва иқомат дарёфт кардаанд.