Июн 17, 2017 14:05 Asia/Dushanbe
  • Афви беш аз ҳазор зиндонӣ дар Туркманистон ба муносибати моҳи Рамазон

Раиси ҷумҳурии Туркманистон бо судури фармоне ба муносибати моҳи мубораки Рамазон ҳазору 29 зиндонӣ дар ин кишварро афв кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон бо судури фармоне ба муносибати моҳи мубораки Рамазон ва шабҳои Қадр ҳазору 29 зиндонии ин кишварро афв кард ва аз мақомоти ин кишвар хост, ки зиндониёни озодшударо бо кори муносиб таъмин кунанд.

 Бердимуҳаммадов ангезаи ин иқдомро некӯкорӣ, навъи дӯстӣ ва иҷрои адолат донист ва ҳадаф аз онро таҳкими ваҳдати ҷомеа, инсиҷоми хонаводаҳо ва эҳтиром ба арзишҳои динии мардуми Туркманистон унвон кард.

Афви шуморе аз зиндониён барои бозгашт ба зиндагии оддӣ ба муносибатҳои мухталиф, ба вижа ба муносибати идҳои расмӣ, миллӣ ва динии Туркманистон бисёр марсум аст.