Июн 29, 2017 08:45 Asia/Dushanbe
  • Узвияти ҳафт ҳазор шаҳрванди кишварҳои ИДМ дар гурӯҳи ДИИШ

Раиси Маркази зиддитерроризми кишварҳои Иттиҳоди давлаӣҳои мустақил мегӯяд, беш аз ҳафт ҳазор шаҳрванд аз ин кишварҳо дар Ироқ, Сурия, Афғонистон ва Покистон ба узвияти ДИИШ даромадаанд.

Андрей Новиков эълом кард, танҳо дар ҳоли ҳозир беш аз ду ҳазору 500 шаҳрванди рус дар қолаби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияву Ироқ фаъолият мекунанд.

Вай таъкид кард, ДИИШ акнун ба як гурӯҳи террористии 100 миллиятӣ табдил шудаву метавонад барои суботу амнияти ҷаҳон хатарнок бошад.

Русия, Беларус, Украина, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдова, Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон узви кишварҳои ИДМ ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир ДИИШ дар ҳоли нобудӣ дар Ироқу Сурия аст ва аз сӯйи дигар гузоришҳо аз афзоиши фаъолиятҳои ин гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ҳикоят дорад.

Бархе расонаҳои Русия ба тозагӣ аз пирӯзиҳои ДИИШ дар шимоли Афғонистон, аз ҷумла дар наздикии марзҳои Туркманистон хабар доданд ва коршиносон ҳадс мезананд, ки Осиёи Марказӣ ҳадафи баъдии гурӯҳи террористии ДИИШ хоҳад буд.

 

Барчасп