Июл 27, 2017 13:50 Asia/Dushanbe
  • Баррасии масоили амниятӣ дар қолаби С5 + 1 дар Душанбе

Дар нишасте дар қолаби гуфтугӯи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Иёлоти муттаҳида дар шаҳри Душанбе масоили амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

Ба гузориши “Авесто”, нишасти гурӯҳи кории масоили амниятӣ дар қолаби С5 + 1 рӯзи чаҳоршанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе бо ширкати намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико баргузор шуд.

Ҳайати амрикоӣ бо раёсати Карл Пашалл, муовини ҳамоҳангкунандаи масоили вобаста ба мубориза бо терроризм ва и​фротгароии Вазорати умури хориҷаи Амрико ва Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон дар ин ҷаласа ҳузур доштанд.

Масоили марбут ба ҳамкориҳои минтақаӣ дар мубориза бо терроризм ва ​​таҳдиди терроризми байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ аз муҳимтарин мавзӯҳои мавриди баҳс дар ин нишаст буд.

 С5 + 1-ро, ки як формати гуфтугӯ барои талошҳои муштарак дар роҳи муқобила бо чолишҳои муштарак аст, Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кардаанд.

Дар аввалин нишаст дар қолаби С5 + 1, ки дар Самарқанди Узбакистон дар ноябри 2015 баргузор шуд, шаш вазири хориҷа мувофиқат карданд то бар се бахши аслӣ аз манофеи муштарак, яъне амният ва мушкилоти иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ тамаркузи бештар шавад.

Дар ҷаласаи дувуми вазирони шаш кишвари С5 + 1 дар Вашингтон дар августи 2016 низ бар сари роҳандозии панҷ проект дар се бахш бо ҷудо кардани будҷаи 15 миллион доллари Конгресси Амрико тавофуқ шуд.