Июл 31, 2017 14:36 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии нахустин сойти саволоти шаръӣ дар кишварҳои ИДМ

Нахустин бор дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Қазоқистон як сойт ва хатти тамоси телефонии вижаеро барои посухгӯӣ ба саволоти динӣ роҳандозӣ кардааст.

   Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Форс, телефони тамоси «114» ва пойгоҳи интернетӣ ба нишонаи www.114.kz, барои посух ба саволоти марбут ба Ислом дар Қазоқистон ихтисос ёфтааст.

 Ин тарҳ таҳти ҳимояти Вазорати умури дин ва ҷомеаи маданӣ бо ҳамкории Анҷумани марокизи пажӯҳишҳои мазҳабӣ иҷро мешавад.

 Ин хадамот ба 2 забони қазоқӣ ва русӣ ироа мешавад.