Сентябр 12, 2017 10:36 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Қазоқистону Афғонистон барои ҳамкориҳои низомӣ

Давлати Қазоқистон дар посух ба дархости раиси ҷумҳурии Афғонистон барои таъмири таҷҳизоти низомии ин кишвар эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар пайи дархости Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, бо ин кишвар барои таъмири таҷҳизоти низомӣ ҳамкорӣ мекунад.

Пеш аз ин низ мақомоти афғон аз ҳамкории Ҳинду Русия дар бораи таъмири таҷҳизоти низомии Афғонистон хабар дода буданд.

 Ашраф Ғанӣ ва Назарбоев дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар бораи равобити тиҷорӣ ва масоили муштарак ҳам гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин дар ин дидор дар бораи сохти роҳи оҳан, густариши равобити тиҷориву илмӣ, ҳамчунин ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои ду кишвар таъкид шуд.

Раисони ҷумҳурии Афғонистону Қазоқистон соли гузашта низ дар ҳошияи нишасти Созмони Ҳамкории Шангхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҳамкории муштараки амниятӣ ва густариши равобити тиҷорӣ гуфтугӯ карда буданд.

Қазоқистон ҳамчунин пеш аз ин аз раванди сулҳ дар Афғонистон ҳимоят кардааст.

Нахустин иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ҳавзаи илму фанноварӣ рӯзи якшанбе бо ҳузури сарону мақомоти баландпояи кишварҳои узв ва ҳамчунин дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дабири кулли ЮНЕСКО дар Остона, пойтахти Қазоқистон кушоиш ёфт.