Сентябр 24, 2017 19:36 Asia/Dushanbe
  •  «Чароғи сурх»-и Бишкек ба тавофуқномаи таъйини марзҳои муштарак бо Узбакистон

Тавофуқномаи таъйини марзҳои муштараки Узбакистону Қирғизистон дар Маҷлиси миллии Қирғизистон ба тасвиб нарасид.

Аҳзоби "Онугуу прогресс" ва "Республика" дар Маҷлиси миллии Қирғизистон ба тавофуқномаи таъйини 85-дарсадии марзҳои муштараки Қирғизистону Узбакистон раъй надоданд. Дабирони ин аҳзоб далели беэътимодии худ ба ин тавофуқномаро лузуми баррасии бештар унвон кардаанд. Қарор аст, ин тавофуқнома дар ҳафтаи оянда бори дигар мавриди баррасӣ қарор гирад.

Раъй надодани намояндагони Маҷлиси миллии Қирғизистон ба тавофуқномаи таъйини марзҳои муштаракро бояд мавзӯи таниши ҷадиде миёни ду кишвари ҳамсоя қаламдод кард. Зимни он ки эъломи беэътимодӣ ба тавофуқномаи муштараки марзӣ бо Узбакистон метавонад ба ташдиди таниши миёни ду кишвар кумак кунад. Ин дар ҳолест, ки раҳбарони Узбакистону Қирғизистон то поёни соли гузаштаи милодӣ аз дастёбӣ ба тавофуқоти марзӣ хабарҳои хушбинонае мунташир мекарданд. Бавижа пас аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбакистон ва рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев шиорҳои хушбинонаи раҳбари ҷадиди давлати Тошканд умедвории миллатҳои минтақаро дучанд карда буд.

 Узбакистону Қирғизистон 1 375 километр марзи муштарак доранд. Пас аз сипарӣ шудани 26 сол аз истиқлоли панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ таъйини ҳудуди марзии ин ҷумҳуриҳо ҳамчунон ҳалнашуда боқӣ мондааст. Дар ҳоле ки Қазоқистону Туркманистон тақрибан тавонистаанд бештари масоили марзии худро бо ҳамсоягонашон ҳаллу фасл кунанд, ихтилофҳои марзии се ҷумҳурӣ, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ҳамчунон идома дошта, ҳар аз гоҳе равобити ин се кишварро бо буҳронҳои муваққатӣ мувоҷеҳ мекунад.

Осиёи Марказӣ бо муодили се миллиону 994 ҳазору 400 километри мураббаъ вусъат ва ҷамъияти наздик ба 60 миллион нафар ва дар ихтиёр доштани манобеу захоири табиӣ ҷойгоҳи вижае дар минтақа дорад. Бо вуҷуди ин бурузи ихтилофҳои марзӣ баҳонаҳои мутааддиде барои ҳузури бегонагон ва кишварҳои сеюм дар ин минтақа фароҳам мекунад. Тайи чанд соли гузашта бурузи ҳамин мушкилоти марзӣ ҳамчунин мӯҷиб шудааст, ки бахши аъзами сиёсати хориҷии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бар ҳамин мавзӯот мутамаркиз бошад, ки ин амр ҳазинаҳои зиёде барои ин кишварҳо дар пай доштааст.

Танишҳои марзии Узбакистон бо Қирғизистону Тоҷикистон дар шароите аст, ки рақобати давлатмардони Тошканду Остона дар заминаи раҳбарии Осиёи Марказӣ, ки аз даврони шӯравӣ вуҷуд дошт, ҳамчунон вуҷуд дорад. Дар ин замина Игор Панкратенко, коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ гуфтааст, нармишҳои ҷории раҳбари Узбакистон дар қиболи Тоҷикистону Қирғизистон  тағйири бунёдӣ дар сиёсати хориҷии давлати Тошканд нест. Ин коршиноси рус бо итминон гуфтааст, ки шиорҳои нарм дар заминаи ҳалли ихтилофҳои марзию арзӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба маънои он нест, ки Узбакистон аз мавозеи пешини худ даст бардоштааст. Игор Панкратенко тасреҳ кард, нухбагони сиёсии Узбакистон, аз ҷумла Шавкат Мирзиёев бо тафаккури раҳбарӣ бар Осиёи Марказӣ тарбият ёфтаанд ва ин андешаро дар қиболи чанд кишвари дигари минтақаи Осиёи Марказӣ идома хоҳанд дод; ба тавре ки агар музокироти Узбакистон бо Қирғизистону Тоҷикистон ба натиҷа нарасад, мавзеи давлати Тошканд дар қиболи кишварҳои ҳамсоя ҳамон мавзеи даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи ин кишвар хоҳад буд.