Таъкиди Қазоқистон бар нобудии силоҳҳои ҳастаӣ дар ҷаҳон
(last modified Mon, 25 Sep 2017 12:32:19 GMT )
Сентябр 25, 2017 17:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Қазоқистон бар нобудии силоҳҳои ҳастаӣ дар ҷаҳон

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон бар лузуми нобудии силоҳҳои ҳастаӣ дар минтақа ва ҷаҳон таъкид кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Кайрат Абдурраҳмон‌ов, вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар ҳошияи Иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид гуфт, давлати Остона ба унвони яке аз кишварҳои пешрав дар мубориза бо густариши силоҳҳои ҳастаӣ, хоҳони нобудии ин силоҳҳои маргбор аст .

Вай дар идома аз ҳимояти Қазоқистон аз талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар заминаи  мубориза бо терроризм хабар дод .

Абдурраҳмон‌ов эълом кард, давлати Остона 300 ҳазор доллар барои мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ кумак мекунад .