Октябр 28, 2017 19:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 25 дарсадии тарози тиҷории Узбакистон дар 9 моҳи 2017

Мубодилоти бозаргонии хориҷии Узбакистон таи 9 моҳи нахусти соли 2017 нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта беш аз 25 дарсад афзоиш доштааст.

Бар асоси гузориши Кумитаи омори Узбакистон, мубодилоти бозаргонии хориҷии ин кишвар дар 9 моҳи нахусти соли ҷорӣ ба беш аз 19 миллиарду 947 миллион доллар расид, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 16.6 дарсад афзоиш доштааст.

Содирот дар Узбакистон дар муддати ёдшуда нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 25.6 дарсад ва муодили 10 миллиарду 358 миллион доллар ва воридот 8.3 дарсад муодили 9 миллиарду 588 миллион доллар афзоиш ёфтааст .

Тибқи гузориши Кумитаи омори Узбакистон, тарози мубодилоти бозаргонии хориҷӣ дар сатҳи 740 миллиону 600 ҳазор доллар қарор гирифтааст .

Дар ин миён, даромади нохолиси миллии Узбакистони ҳам таи 9 моҳи нахусти соли 2017 дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 5.3 дарсад, муодили 215 миллиону 716 ҳазор доллар афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин ҳаҷми тавлидоти санъатӣ таи 9 моҳи гузаштаи соли 2017 5.6 дарсад, корҳои сохтмонӣ 5.3 дарсад, мубодилоти бозаргонии хурдафурӯшӣ 4.3 дарсад, хадамот 6.9 дарсад, тавлиди фаровардаҳои кишоварзӣ 3.5 дарсад афзоиш ёфтааст .

Узбакистон пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки теъдоди ҷамъияти ин кишвар бар асоси натоиҷи соли 2017, ба 32 миллиону 120 ҳазор нафар расидааст .