Ноябр 05, 2017 10:25 Asia/Dushanbe
  • Оё роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон - Тоҷикистон такмил хоҳад шуд?

Бо поёни дидори раиси ҷумҳурии Туркманистон аз Тоҷикистон, мақомоти ду кишвар бар зарурати такмили тарҳи сохти роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон ва Тоҷикистон таъкид карданд.

Ба гузориши “Авесто”, мақомоти Тоҷикистон дар дидор бо Қурбонқули Бердимуҳаммедов дар Душанбе, такмили ин масир то марзи муштараки Афғонистону Тоҷикистонро хостор шуданд.

Пеш аз ин, давлати Туркманистони кори сохти бахши туркмании ин роҳи оҳанро дар соли 2016 аз шаҳри Отомурод то шаҳристони Оқино, дар дохили қаламрави Афғонистон ба баҳрабардорӣ расонд, ки заминаи интиқоли коло миёни ин ду кишвар фароҳам шуд, аммо идомаи сохти ин роҳи муҳими минтақаӣ ба далели ноамн будани шимоли Афғонистон ва пешниҳоди Тоҷикистон барои кӯтоҳтар кардани масири иттисоли он миёни Афғонистон ва ин кишвар муҷиби мутаваққиф шудани ин тарҳ шудааст.

Мақомоти тоҷик муътақиданд, дар сурати мувофиқати Туркманистон бо пешниҳоди ин кишвар дар бораи сохти ин роҳ аз масири шаҳри Келифи Туркманистон то ноҳияи Бишканд дар марзи Афғонистону Тоҷикистон, тӯли ин масир ба ҷойи 400 километр ба 160 километр коҳиш меёбад, аммо давлати Туркманистон исрор дорад бахши афғонистонӣ ва тоҷикистонии ин роҳ аз масири 400 километрии шимоли Афғонистон ба бандари Шерхон, ба вилояти Хатлон бирасад, зеро бо тӯлонӣ шудани ин масир дар шимоли Афғонистон заминаи интиқоли ҳаҷми зиёде аз сӯхти Туркманистон ба вилоятҳои шимоли Афғонистон фароҳам мешавад, ки суди фаровоне барои давлати Ишқобод дорад. Аз ин рӯ, мушаххас нест, ки дар гуфтугӯҳои Душанбе миёни мақомоти Туркманистон ва Тоҷикистон тарафҳо ба ҳалли ин ихтилоф даст ёфтанд ё хайр.