Узбакистон мизбони Конфронси байналмилалии амният ва тавсеаи пойдор
Конфронси амният ва тавсеаи пойдор барои Осиёи Марказӣ бо ҳузури вазирони хориҷаи 5 кишвари ин минтақа, Эрон, Туркия, Афғонистон, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанҳай ва дабири кулли Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо в Томас Гримингер, дабири кулил Созмони амният ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанди Узбакистон оғоз ба кор кард.
Дар оғози ин конфронс, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон бо ишора ба торих, забон, дин ва мероси фарҳангии муштараки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва бархурдории ин минтақа аз манобеи табиии ғанӣ ва нерӯи кори зиёд гуфт, Осиёи Марказӣ ба ҳамин далоил ҳамвора маркази тақобули манофеи қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ будааст ва бояд мушаххас кард, ки Узбакистон чи ояндаеро барои бозигарони минтақаӣ мутасаввир аст .
Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ бо ишора ба аҳаммияти мавзуи амнияту суботи минтақаи Осиё, бар аҳаммияти амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Иттиҳоди Аврупо таъкид карду афзуд: Ин иттиҳод аз гузашта шарики роҳбурдии Осиёи Марказӣ дар масоиле ҳамчун тавсеаи пойдор, ҳифозат аз муҳити зист, тағйироти иқлимӣ ва таъмини озодӣ ва ҳуқуқи башар будааст .
Ду мавзуи ҳамкории Созмони милал ва дафтари барномаи пешрафт ва тавсеаи ин созмон (UNDP) бо кишварҳои минтақа таҳти унвони “Амнияти минтақаӣ, ҳамкорӣ дар заминаи обу экология” ва ҳамчунин “Тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ”, дар дастури кори ин конфронси 2 рӯза қарор дорад .
Нигоҳе ба дастури кори ин конфронс ва тайфи ҳайъатҳои ширкаткунанда дар Иҷлоси Самарқанд нишон медиҳад, ки агар барои кишварҳои минтақа, ба мувозоти амният, масоил зисти муҳитӣ низ дар авлавият қарор дорад, аммо барои кишварҳои ғарбӣ ончи ҳамчунон матраҳ аст, таъкид бар усулест, ки шояд чандон ҳам дар батни ҷавомеи аврупоӣ ба онҳо баҳо дода намешавад ва дар арсаи дипломатия ҳамчунон ба он пайбандӣ нишон дода мешавад, лизо давлатҳои ғарбӣ дар паи таблиғу тарвиҷи усули мадди назари худ дар заминаҳои ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва озодиҳои маданӣ ҳастанд .
Аз ин рӯст, ки Узбакистон дар даврони пас аз Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи ин кишвар бо баргузории чунин конфронсҳое дар паи фурсатсозӣ барои вуруд ба муодилоти минтақаӣ ва байналмилалӣ аз раҳгузари тармими чеҳраи Узбакистон ба унвони як бозигари мунзавии минтақаӣ аст. Фурсате, ки намояндагони аврупоии ҳозир дар Конфронси Самарқанд қасд доранд, онро машрут ба риояти усул ва тақвияти ниҳодҳои маданӣ дар кишварҳои минтақа аз ҷумла Узбакистон кунанд. Ҳол онки авлавияти аслии ин кишварҳо бозсозии муносибот бо якдигар бар асоси ниёзҳои фаврӣ ва ҷорӣ бавижа дар заминаи энержии об ва зист муҳитӣ ва экологии минтақа аст.
Мисдоқи бетаваҷҷуҳии ҷавомеи аврупоӣ ба риояти ҳуқуқи мадании шаҳрвандон, ҳамин бас, ки дар ин кишварҳо шаҳрвандон ба шаҳрванди дараҷаи яку ду тақсим шудаанд ва интиқод ва эътироз ба табъиз дар ҷавомеи ғарбӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст .
Ноамниҳои ҷорӣ ва нофармониҳои маданӣ, ки таи солҳои ахир ҷавомеи кишварҳои ғарбӣ бо он даст ба гиребон будаанд, мисдоқи ҳамин бархурди дугонаи ин давлатҳо бо усули демократӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ аст .
Сарфи назар аз ин ҳама аммову агар, Узбакистон аҳдофе мутафовит аз ончи дар дастури кори Конфронси Самарқанд эълом шуда, дунбол мекунад ва он инки раисҷумҳури кунунии Узбакистон қасд дорад, ин қабил конфронсҳо ба оштии кишвари матбуи вай бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтаҳӣ шавад ва аз раҳгузари он Узбакистон аз инзивои эъломнашуда дар даврони Ислом Каримов хориҷ шавад .