Ноябр 16, 2017 20:57 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ёздаҳ шаҳрванди Қазоқистон ба иттиҳоми таблиғи терроризм

Ёздаҳ нафар аз шаҳрвандони Қазоқистон ба иттиҳоми таблиғи гурӯҳи террористии ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар ин кишвар боздошт шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Кизинформ”-и Қазоқистон, ин афрод дар амалиёти вижаи Кумитаи амнияти миллӣ дар иёлати Қазоқистони Ҷанубӣ, шиносоӣ ва боздошт шуданд.

Бино ба ин гузориш боздоштшудагон, ки сокинони шаҳристони Сайрам ва Шимкенти Қазоқистон ҳастанд, дар шабакаҳои иҷтимоии “WhatsApp” ва “Telegram”, афкори гурӯҳи террористии ДИИШ-ро таблиғ мекарданд.

Асноди ҳовии афкори ифротгарӣ ва террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни беш аз 400 корбар таблиғ мешуд.

Қазоқистон яке аз кишварҳои фаъол дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ба шумор меравад.

Бар асоси дастури раисиҷумҳури Қазоқистон, барномаи давлатии мубориза бо терроризм ва ифротгарӣ дар солҳои 2013 то 2017 милодӣ дар ин кишвар, тадвин ва ба иҷро гузошта шудааст.

 

Барчасп