Ноябр 30, 2017 20:05 Asia/Dushanbe
  • Комиссияи таъйини марзи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон оғоз ба кор кард

Комиссияи баррасии таъйини марзи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон, ки аз соли 2000 милодӣ мутаваққиф шуда буд, дубора оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, 19 мақоми идороти давлатии Тоҷикистон ба раёсати Азим Иброҳим, муовини нахуствазири ин кишвар дар ин комиссия фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, муовинони вазирони умури хориҷа, додгустарӣ ва муовини фармондеҳи неруҳои марзии Тоҷикистон, низ аз аъзои ин ҳайат ҳастанд.

Фаъолияти комиссияи тавзеъ ва аломатгузории марзи Тоҷикистон бо Узбакистон, бо роҳандозии низоми раводид ва сард шудани равобит миёни ду кишвар, камранг шуда буд ва то авохири соли 2016 ҳайатҳои комиссияи ду кишвар бо ҳам музокироте надоштанд.

Бо таваҷҷуҳ ба омори идораи заминшиносии Тоҷикистон аз ҳазору 284 километр марзи муштараки Тоҷикистон бо Узбакистон танҳо 93 километри он аломатгузорӣ нашудааст.

Бар асоси омори Узбакистон 86 дарсад аз марзҳои миёни ин кишвар ва Тоҷикистон мушаххас шуда ва танҳо таъйини 14 дарсад он боқӣ мондааст.