Феврал 10, 2018 19:24 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти 39-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Узбакистон

Маросими гиромидошти 39-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон бо ҳузури сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти аршади Узбакистон дар Тошканд, баргузор шуд.

Маросими 39-мин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон бо ҳузури Очилбой Раҳматов, муовини аввали нахуствазири Узбакистон, сафирони хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тошканд, асотиди донишгоҳ ва пажӯҳишгарони таърих ва адабиёти Эронзамин дар баргузор шуд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Узбакистон дар ин маросим гуфт, хушбахтона равобити ду кишвари бузурги Эрон ва Узбакистон, ки реша дар таърих, фарҳанг ва машоҳири муштарак дорад, дар як соли гузашта густариши зиёде пайдо кардааст.

Баҳмани Оқоразӣ афзуд, ба гунае, ки мубодилоти тиҷории ду кишвар бо 10 дарсад рушд ба 420 миллион доллар расидааст. Аммо муҳиммтар аз ин, тавофуқоти мавриди пешбинӣ байни тарафайн барои истифодаи васеътар аз имконот ва зарфиятҳои иқтисодӣ ва илмии ду кишвар мебошад.

Вай хотирнишон кард, дар ҳоли ҳозир, Ҷумҳурии исломӣ, 18-умин иқтисоди бузурги дунё хонда мешавад ва дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе дар ҳавзаҳои илмӣ, санъатӣ, кишоварзӣ ва фанновариро муҳаққақ сохтааст ва мизони мубодилоти транзитӣ байни Эрон ва Узбакистон аз тариқи заминӣ, рейлӣ ва ҳавоӣ афзоиш ёфтааст.