Март 01, 2018 14:03 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши молиёти Ӯзбакистон барои транзити васоили нақлиёти Тоҷикистон

Давлати Ӯзбакистон лағви молиёт барои вуруд ва транзити васоили нақлиёти борӣ ва автобусҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, қарор аст ҳукумати Ӯзбакистон қонуни марбут ба ин мавзӯро дар кӯтоҳтарин фурсат тасвиб кунад.

Дар ҳоли ҳозир ҳазинаҳои изофӣ барои васоили нақлиёт, ки аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон ва дигар кишварҳо аз ин масир ҳаракат мекунанд, 180 доллар аст.

Ҳазинаи вуруд ва транзити васоили нақлиёти борӣ ва автобус аз тариқи марзи Ӯзбакистон ба Тоҷикистон монанди қабл, яъне 256 доллар боқӣ мемонад.

Охирин бор ҳазинаи изофӣ барои вуруд ва транзити васоили нақлиёти Тоҷикистон дар Ӯзбакистон дар аввали сентябри соли 2016 –и мелодӣ тағйир кард ва аз 118 доллар ба 180 доллар афзоиш ёфт.

Васоили нақлиёт ва ҳамлу нақли Тоҷикистон аз тариқи бузургроҳҳои Ӯзбакистон ба кишварҳои Қазоқистон, Туркманистон ва ҳамчунин Афғонистон ва Қирғизистон мераванд.