Март 03, 2018 11:43 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқномаи марзии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон омодаи имзо шуд

Манобеи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз омода шудани тавофуқномаи ниҳоии аломатгузории марзи муштараки ин кишвар бо Ӯзбакистон хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ин тавофуқнома дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Душанбе тайи рӯзҳои 9 ва 10-уми моҳи марти соли ҷорӣ ба имзои ду тараф хоҳад расид.

Гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар нишасте ба раёсати Қоҳир Расулзода ва Абдоллоҳ Орифов, нахуствазирони ду кишвар дар шаҳри Фарғона бар сари имзои тавофуқномаи ниҳоӣ ва поён додан ба ду даҳа ихтилоф дар ин замина ба тавофуқ расиданд.

Ҳамчунин ҳайатҳои кории ин ду кишвар дар нишасти Тошканд дар рӯзҳои 28-уми феврал то аввали марти соли ҷорӣ матни тавофуқномаи ниҳоии аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро таҳия ва барои имзои раисони ҷумҳурии ду кишвари ҳамсоя ироа кардаанд.

Акнун ин тавофуқнома аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, ҳамтои ӯзбакистонии вай дар шаҳри Душанбе имзо хоҳад шуд.

Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ҳазору 333 километр марзи муштарак доранд.

То рӯйи кор омадани давлати ҷадид дар Тошканд ба раёсати Мирзиёев дар соли 2016, ихтилоф бар сари аломатгузории бархе аз манотиқи марзи муштараки ин ду кишвар дар қаламрави вилояти Суғд вуҷуд дошт.

Аммо дар остонаи нахустин сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, 10 гузаргоҳи марзӣ миёни ин ду кишвар, ки ба таври якҷониба аз сӯйи мақомоти Тошканд дар соли 2010 баста шуда буд, бозкушоӣ шуд.