Март 03, 2018 12:57 Asia/Dushanbe
  • Мушкили рафтуомад дар гузаргоҳи тозабозкушоишудаи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Бо гузашти танҳо ду рӯз аз бозкушоии дубораи гузаргоҳи марзии Саразми Тоҷикистон бо вилояти Самарқанди Ӯзбакистон, мушкили тозае барои рафтуомади сокинони ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон эҷод шудааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, ин сокинон, ки пас аз ҳашт сол барои сафар ба вилояти Самарқанд ва дидор бо бастагони худ, дар ин гузаргоҳи марзӣ таҷаммуъ кардаанд, аз сӯйи марзбонони тоҷик бо маҳдудияти ҷадиде рӯбарӯ шудаанд.

Марзбонони тоҷик аз шаҳрвандони ин кишвар дархост кардаанд, барои убур аз ин гузаргоҳи марзӣ бояд шиносномаҳои дохилии худро ироа кунанд.

Ин дар ҳолест, ки чанд солест шаҳрвандони Тоҷикистон бо дарёфти корти шиносоии миллии ҷадид, шиносномаҳои қаблии дохилии худро ба идороти интизомӣ супурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, марзбонони Ӯзбакистон гуфтаанд, аз сӯйи онон ҳеҷ маҳдудияте барои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар вуҷуд надорад ва ин афрод метавонанд бо васоили нақлиёти шахсии худ низ вориди қаламрави вилояти Самарқанд шаванд.

Бо ин ҳол, марзбонони тоҷик таъкид кардаанд, бояд дар интизори сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Душанбе тайи рӯзҳои 9 ва 10-уми марти соли ҷорӣ буд то мушкили рафтуомади тоҷикон бо корти миллӣ ё гузарномаи хориҷии онон ҳаллу фасл шавад.