Март 11, 2018 09:51 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони дохилии Тоҷикистон ва Узбакистон

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Пулод Бобоҷонов, вазири корҳои дохилии Узбакистон дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар хусуси муборизаи ду кишвар бо терроризм, ифротгарӣ ва ҷурмҳои созмонёфта, гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИРНА, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи шанбе пас аз ин дидор тасреҳ кард, дар ин дидор пешниҳодҳое дар хусуси тавсеаи ҳамкориҳои мутақобил, густариши таомул миёни неруҳои интизомии Тоҷикистон ва Узбакистон, омӯзиши кадрҳо интизомӣ дар омӯзишгоҳҳои ду кишвар ва баргузории семинарҳо ва конфронсҳои илмӣ, матраҳ шуд.
Вазири корҳои дохилии Узбакистон низ бо таъкид бар ин ки равобити дӯстонаи сарони Узбакистон ва Тоҷикистон шароитро барои ҳамкориҳои ду кишвар дар сатҳи олӣ фароҳам кардааст, гуфт, неруҳои интизомии Узбакистон ва Тоҷикистон бояд алайҳи терроризм, ҷудоиталабӣ, ҷурмҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва қочоқи мавод мухаддир,бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Пулод Бобоҷонов ҳамчунин бар зарурати табодули таҷрибаҳо миёни омӯзишгоҳҳои низомии ду кишвар, таъкид кард.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон рӯзи ҷумъа дар сарварии ҳайати баландпоя дар сафаре вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд ва мавриди истиқболи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар қарор гирифт.

Ин нахустин сафари як раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон аст.

Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки нахустин сафари раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон, нуқтаи атфе дар таърихи равобити Душанбе ва Тошканд буда ва заминаро барои поёни ихтилофот ва оғози даври ҷадиде аз муносибот миёни ин ду кишвар, фароҳам мекунад.