Март 19, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • Алоқамандии Тоҷикистон ва Узбакистон ба истиқрори сулҳ дар Афғонистон

Корманди аршади пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилали вобаста ба Фарҳангистони улуми Русия, мӯътақид аст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон ва Узбакистон аз ҳама бештар хостори истиқрори сулҳ дар Афғонистон ҳастанд.

Ба гузориши “Спутник”, Виктор Надеин-Раевский бо ишора ба баргузории ҳамоиши байналмилалии раванди сулҳи Афғонистон, ҳамкории амниятӣ ва минтақаӣ дар рӯзҳои 26 ва 27 март дар шаҳри Тошканд, гуфтааст, ки Тоҷикистон ва Узбакистон аз ҳама бештар истиқрори сулҳ дар Афғонистонро ҳимоят мекунанд, зеро бо Афғонистон марзи муштарак доранд ва барои густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва энержӣ бо Афғонистон, Покистон ва Ҳинд ниёзманди истиқрори сулҳу амният дар наздикии марзҳои хеш ҳастанд.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи Раевский, ҷамъ шудани гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар манотиқи шимолии Афғонистон ва наздикии марзҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар пайи шикасти онон дар Сурия ва Ироқ, мӯҷиби нигаронии мақомоти амниятии Душанбе ва Тошканд шудааст, зеро ин масъала метавонад, паёмадҳои ногуворе барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дошта бошад.

Виктор Надеин-Раевский меафзояд, ҳамчунин идомаи наздик ба 40 соли ҷанг, даргирӣ ва ноамнӣ дар Афғонистон фурсати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ин кишвар бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро аз байн бурдааст.

Аз ин рӯ, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон қасд дорад, ки бо баргузории ин конфронс барои ёфтани роҳи ҳалли поён додан ба ҷанг дар Афғонистон, иқдом кунад.

Қарор аст, вазирони умури хориҷаи Туркия, Чин, Покистон, Русия, Олмон, Англия, Ҳинд, Эрон, Амрико, Италия, Фаронса, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Имороти муттаҳидаи арабӣ ва Арабистони Саудӣ низ дар ин конфронс ҳузур ёбанд.

Дар ин конфронс Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Тадамичи Ямамото, фиристодаи вижаи ин созмон барои Афғонистон ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ ширкат хоҳанд кард.