Март 26, 2018 10:10 Asia/Dushanbe
  • Решаи ихтилофи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия қасд доранд, парвозҳои ҳафтаӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистонро афзоиш диҳанд, ки албатта, ин мавзӯъ бо мухолифати вазоратҳои ҳамлу нақли ин ду ҷумҳурӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “ЦентрАзия”, мақомоти Душанбе ва Тошканд мегӯянд, мувофиқат бо ин дархости Маскав мӯҷиби варшикаста шудани ширкатҳои ҳавопаймоии ин ду кишвар хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир аксари парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон дар ихтиёри ширкатҳои ҳавопаймоии Русия қарор дорад ва судури муҷаввизи ҷадид барои афзоиши ин парвозҳо ба зиёни ширкатҳои тоҷикистонии "Сомон эйр" ва "Тоҷик эйр" тамом хоҳад шуд. Русия ахиран ба тӯлонӣ кардани масири парвози ҳавопаймоҳои ин ду ширкат ва коҳиши 55-дарсадии қимати билет иқдом кардааст, ки ҳам масрафи сӯхтро афзоиш медиҳад ва ҳам мӯҷиб мешавад, ки мусофирон аз хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ истифода баранд. Русия аз назари теъдоди ҳавопаймоҳои мусофирбар нисбат ба Тоҷикистон ва Узбакистон бартарии куллӣ дорад ва танҳо як ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йуллари” ва ширкатҳои "Сомон эйр"-у "Тоҷик эйр"-и Тоҷикистон тавони рақобат бо Маскавро надоранд.

Бо фаро расидани фасли баҳор ва афзоиши интиқоли коргарони муҳоҷири тоҷику узбак ба Русия, ки даромади молии калоне ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ медиҳад, ҷанбаи молӣ доштани ихтилофи феълии миёни Маскав бо Душанбе ва Тошканд бар сари ҷадвали парвозҳоро рӯшан кардааст.