Апрел 09, 2018 10:13 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди тавофуқномаи қаблии Тоҷикистон ва Узбакистон барои истифода аз обанбори “Фарҳод”

Ҷузъиёти созишномаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари истифода аз неругоҳи барқӣ обии “Фарҳод” нишон медиҳад, ки ду тараф тавофуқномаи қаблиро дар ин замина ба муддати 49 сол тамдид кардаанд.

Ба гузориши “Топ Тҷ”, созишномаи ҷадиди истифода аз сад ва ниругоҳи барқӣ обии “Фарҳод”, ки дар нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 9-10 моҳи марти имсол ба имзо расид, мӯҷиби поён додан ба ихтилофи 20 солаи ин ду кишвари ҳамсоя дар мавриди ин таъсисот мегардад.

Замини обанбори “Фарҳод”дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ шуда ва худи неругоҳ дар дохили хоки Узбакистон фаъолият мекунад, ки ихтилоф бар сари наҳваи истифода аз ин таъсисот, монеи ҷиддӣ дар равобити беш аз 20 соли ахири ин ду кишвар шуда буд.

Акнун бо имзои созишномаи истифодаи муштарак аз ин таъсисот ба муддати 49 сол, заминаи ҳамкории созандаи Тоҷикистон ва Узбакистон фароҳам шудааст.

Бар асоси ин тавофуқ таъмини амнияти обанбори “Фарҳод” бар ӯҳдаи Тоҷикистон мебошад ва Узбакистон тамоми ҳазинаҳои тармим ва нигаҳдории ин таъсисотро пардохт ва аз барқу оби он истифода мекунад.

Обанбори “Фарҳод”дар даҳаи 1950 рӯи рӯдхонаи Сир дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон сохта шуда ва манбаи таъмини оби бахшҳое аз қаламрави Узбакистон ба ҳисоб меояд.

Пушти сади ин неругоҳ 350 миллион метри мукааб об захира мешавад, ки ниёзи бахши кишоварзии Узбакистонро таъмин мекунад.