Апрел 22, 2018 09:31 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон дар Тоҷикистон як бемористон месозад

Ҳукумати Узбакистон эълом кардааст, дар Тоҷикистон як бемористони бо 200 тахти хоб хоҳад сохт.

Манобеи хабарии давлатии Тоҷикистон гуфтаанд, тарҳи сохти ин бемористон дар нишасти ҳайати давлати ин кишвар тасвиб ва барои баррасӣ ба мақомоти Узбакистон ироа шудааст.

Ин манбаъ таъкид кардааст, мувофиқати Узбакистон барои сохти як бемористон бо 200 тахти хоб дар вилояти Хатлони Тоҷикистон аз қабл ба даст омада ва акнун Тоҷикистон дар ҳоли баррасии мавзӯи ихтисоси замин барои сохти ин маркази дармонӣ аст.

Бар асоси ин созишнома, ҳазинаи сохти ин бемористон ва кадри фаннӣ ва муҳандисии ин тарҳро ҳукумати Узбакистон таъмин хоҳад кард ва Тоҷикистон муваззаф шудааст, замини мавриди ниёзи ин маркази дармониро мушаххас кунад.

Пештар ҳам мақомоти Тоҷикистон аз сохти як мактаб дар вилояти Самарқанд аз сӯи ин кишвар хабар дода буданд, ки заминаи омӯзиши 600 донишомӯзро фароҳам мекунад.

Ҳамчунин манобеи ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, созишномаи ҳамкориҳои роҳбурдии ин кишвар бо Узбакистон таҳия шуда, ки дар дидори Эмомалӣ Раҳмон аз Тошканд дар поизи имсол имзо хоҳад шуд.