Баррасии паёмадҳои ҳузури коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия
Бар асоси пешниҳоди Думои давлатии Русия, таҳқиқи мавзӯи паёмадҳои ҳузури коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишвар оғоз шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Михаил Бутримов, дабири Шӯрои сиёсии Ҳизби иттиҳоди мардумии Русия гуфтааст, ки ҳадаф аз ин пажӯҳиш мушаххас кардани меъёрҳои додани шаҳрвандӣ ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ бар асоси ниёзҳои ин кишвар аст.
Вай таъкид кардааст, ки бахши умдаи ин пажӯҳиш ба баррасии шароити доднаи шаҳрвандии Русия ба шаҳрвандони се кишвари Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ихтисос дорад, ки теъдоди қобили мулоҳизае аз коргарони муҳоҷири хориҷиро ташкил мекунанд.
Михаил Бутримов гуфтааст, аз яксӯ Русия ба далели коҳиши ҷамъияти хеш тайи 10 соли оянда дар марҳалаи хатарноке қарор хоҳад гирифт ва вуруди коргарони ҷавони муҳоҷир аз ин се кишвари Осиёи Марказӣ, як амри зарурӣ хоҳад буд ва аз сӯи дигар бояд мушаххас кард, ки чӣ теъдод аз атбои ин се кишвар мутахассис ҳастанд ва метавонанд дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Русия, саҳим бошанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи вай, мавзӯи дӯр будани коргарони ҷавони муҳоҷири узбак, тоҷик ва қирғиз аз афкори гурӯҳҳои ифротӣ ва такфирӣ барои ҳузури онон дар Русия муҳим аст, то амнияти миллии ин кишварро таҳдид накунанд.
Созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, теъдоди ҳамватанони хешро дар ин кишвар дар баҳор ва тобистон наздик ба ду миллион нафар ва дар замистон беш аз як миллион нафар эълом кардаанд, ки иддаи зиёде аз ин афрод, хостори дарёфти шаҳрвандии Русия мебошанд.