Май 07, 2018 13:07 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши дубаробарии ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистон ва Узбакистон

Гардиши молӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 1.8 баробар афзоиш доштааст.

Ба гузориши “Авесто”, ҳаҷми тиҷорат байни ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Узбакистон дар семоҳаи аввали соли ҷории 2018 болиғ бар 41.5 миллион доллар буда, ки ду баробар бештар семоҳаи аввали соли 2017 аст.

Тибқи иттилои воҳидҳои иқтисодии Тоҷикистон, ин кишвар умдатан маводи аввалияро ба кишвари ҳамсояи Узбакистон содир ва бархе маҳсулоти омодаро аз он ҷо ворид мекунад.

 Колоҳои содиротии Тоҷикистон семент, масолеҳи сохтумонӣ, ангиштсанг, кобел, фараш ва колоҳои воридотӣ аз Узбакистон бештар шомили маводи ғизоӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, худрав ва мошинолот мебошад.

Пеш аз ин, Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон гузориш дода буд, ки бо таваҷҷуҳ ба асноди имзошуда дар нишасти маҳофили тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон, дар шаҳри Душанбе дар таърихи 9 март, дар назар дорад, барои афзоиши содирот ба кишвари ҳамсояи Узбакистон, анвои колоҳои содиротиро бештар кунад.

Бар асоси ин гузориш, байни ниҳодҳои иқтисодии ду кишвар, тавофуқномаи содирот ва воридоти коло имзо шуда ва тарафайн ҳамчунин мувофиқатномаҳоеро дар заминаи умури молӣ, бавижа дар бахши бонкӣ, имзо карданд.

Дар ин тавофуқот ба таври хосс ба мавзӯи содироти барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ва воридоти гази Узбакистон, таъкид шудааст.

Тоҷикистон қасд дорад дар соли ҷорӣ то 1.5 миллиард киловат/соат барқро ба Узбакистон содир кунад.

Бар асоси оморҳо, гардиши молӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2017 беш аз 126 миллион доллар будааст. Ҳаҷми содирот ба Узбакистон 57 миллион доллар ё 45 дарсад аз кулли гардиши молӣ ва воридот 69 миллион доллар ё 55 дарсад аз кулли гардиши молӣ байни ду кишварро ташкил додааст.

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон қасд доранд, ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро дар ояндаи наздик ба як миллиард доллар афзоиш диҳанд.