Май 17, 2018 09:27 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди тарҳи ҷаримаҳои сангини молӣ барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия

Манобеи Вазорати адлияи Русия аз ироаи тарҳи ҷадид барои муҷозоти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар хабар доданд, ки илова бар иҷозатномаи кор бояд қарордоди ҳамкорӣ бо корфарморо низ дошта бошанд.  

Ба нақл аз сайти рӯзномаи Коммерсант, акнун коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар қаламрави Русия илова бар доштани иҷозатномаи кор мваззаф ба ироаи қарордоди ҳамкорӣ бо корфармоён низ мешаванд, ки дар ғайри ин сурат, ҷаримаи молӣ ва ихроҷи ин афродро дар пай хоҳад дошт.  

Агар ин тарҳ иҷро шавад, коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ки қарододи ҳамкорӣ бо корфармоён ва ширкатҳои Русияро надоранд, маҳкум ба пардохти 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима ва ихроҷ аз қаламрави ин кишвар хоҳанд шуд.