Май 26, 2018 13:28 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти ҳалокати се марзбони узбак дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон

Сокинони минтақаи Кони Намак дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Узбакистон гуфтаанд, панҷрӯз аст ҷустуҷӯҳо барои ёфтани ҷасадҳои се марзбони узбак идома дорад.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, ин се марзбон рӯзи 20-уми май дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон дар ҳоли нигаҳбонӣ буданд, ки барои дар амон мондан аз хатари сел ба дохили як канал рафта, вале сел онҳоро бо худ бурда ва ба дарёи Кофарниҳон андохта буд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ дар пайи ҷустуҷӯҳо, ҷасади яке аз ин сарбозон пайдо шудааст, вале ду нафари дигар ҳанӯз мафқуд ҳастанд.

Мардуми Тоҷикистон ва Узбакистон дар рӯзҳои ахир шоҳиди сел ва боришҳои шадид буданд, ки хисороти зиёде ба бор овардааст.

Бар асоси гузоришҳои расида, бар асари ин сел ва боришҳо дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон дастикам 11 нафар ҷон бохта, садҳо хона хароб шуда ва ҳазорон гектар замин аз байн рафтааст.