Июн 07, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
  • Бурси Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамкорӣ мекунанд

Масъулони бурси авроқи баҳодори Тоҷикистон ва Узбакистон ёддошти тафоҳумеро бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои тиҷории дуҷониба ба имзо расонданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин ёддошт ба манзури эҷоди созу коре барои ҳамкориҳои тӯлонимуддат ва фарогири ду тараф бо ҳадафи беҳбуди короии мубодилот, миёни бозорҳои ду кишвар имзо шуд.

Имзои ин тафоҳумнома гоми дигаре дар эҷоди равобити тӯлонимуддати ду кишвар мебошад ва табодули таҷриба ва иттилоот дар мавриди амалкарди бозорҳоро пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин ин санад ба беҳбуди бозорҳои молии ду кишвар ва афзоиши арзиши авроқи баҳодор кумак хоҳад кард.

Ҳамчунин тафоҳумномаи имзо шуда, баёнгари густариши таомулоти ду кишвар дар арсаи молӣ аст.

Дар оянда, тавсеаи ҳамкорӣ миёни бозорҳои дутараф бар мабнои ташкили палтформи муштарак барои тиҷорати авроқ ба манзури эҷод каналҳои сармоягузорӣ миёни ду кишвар хоҳад буд.

Бозори бурси Осиёи Марказӣ танҳо чорчӯб барои тиҷорати авроқи баҳодор ба шумор меравад ва ба рӯзомадатарин фанновариҳо муҷаҳҳаз аст.