Июн 08, 2018 18:47 Asia/Dushanbe
  • Пешгирии қочоқи тило ва ҷавоҳирот аз Тоҷикистон ба Узбакистон

Кормандони гумруки Патар дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон аз талоши як шаҳрванд барои қочоқи тило ва ҷавоҳирот пешгирӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи Авесто, шаҳрванд Д. М. дар мошини худ қасди интиқоли 375 адад ашёи тилоӣ ва нуқраиро ба кишвари ҳамсоя Узбакистон дошт, ки мақомоти гумрук ӯро шиносоӣ ва амволи қочоқии ҳамроҳашро мусодира  карданд.

Гуфта мешавад қимати ин теъдод тило ва ҷавоҳироти мусодирашуда 135 ҳазору 500 сомонӣ баровард шуда ва алайҳи қочоқбари ёдшуда парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин нахустин мавриди гузоришшуда аз парвандаи қочоқ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз бозгушои гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ аст.

Аз аввали моҳи марти имсол ва бо мувофиқати Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон, тамоми гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвар барои рафтуомади мусофирон ва васоили нақлия боз шуд.

Ин гузаргоҳҳо дар даврони ҳукумати 25-солаи Ислом Каримов раиси ҷумҳурии пешини Узбакистон баста буданд.