Гуфтугӯи телефонии руасои ҷумҳури Туркманистон ва Узбакистон
Июл 02, 2018 18:52 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Туркманистон дар як гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои узбаки худ аз вай барои сафар ба Ишқобод даъват кард.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон аз вай барои сафари корӣ ба Ишқобод даъват кард.
Бердимуҳаммадов ба Мирзиёев солрӯзи таваллуди вайро табрик гуфт ва аз вай барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои таъсискунандагони анҷумани дифоъ аз дарёи Арал, ки дар августи соли ҷорӣ дар Ишқобод баргузор мешавад, даъват кард.
Дар ин гуфтугӯи телефонӣ масоили ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат, санъат, энержӣ, ҳамлу нақл, башардӯстона ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.