Июл 03, 2018 08:55 Asia/Dushanbe
  • Боздошт ва ҷаримаи 9 кӯҳнаварди хориҷӣ дар марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон

Марзбонони Қирғизистон дар марзи муштараки ин кишвар бо вилояти Суғди Тоҷикистон 9 гардишгари хориҷӣ ва ду қирғизро ба иттиҳоми убури ғайримуҷоз аз марз боздошту ҷарима кардаанд.

Ба гузориши дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, 8 нафар аз афроди боздоштшуда шаҳрвандони Русия ва як нафар шаҳрванди Лаҳистон буданд.

Иллати боздошти кӯҳнавардони хориҷӣ ва ду шаҳрванди Қирғизистон набудани муҷаввизи убури марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон аз сӯйи ин афрод эълом шудааст. Мақомоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ки ин афрод бояд аз қабл барои вуруд ба марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон муҷаввиз дарёфт мекарданд, ки бо ин мушкил мувоҷеҳ нашаванд.

Акнун кӯҳнавардони хориҷӣ ба далели вуруди ғайримуҷоз ба марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон бо пардохти ҷаримаи молӣ озод шудаанд.

Фасли тобистон теъдоди зиёде аз кӯҳнавардони хориҷӣ барои баромадан ба қуллаҳое бо иртифои беш аз 7 ҳазор метр дар кӯҳҳои Бадахшон, ки дар марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон воқеъ шудаанд, ба ин минтақа меоянд.