Июл 18, 2018 13:52 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми ҷавобии  Тоҷикистон дар баробари  Узбакистон

Раиси Кумитаи бехатарии ғизоии Тоҷикистон эълом кард, мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, дар вокуниш ба иқдоми Узбакистон воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз ин кишварро маҳдуд кунанд.

Ба нақл аз Спутник, Фарҳод Камолзода гуфтааст, чанде пеш аз ҳамтоёни узбаки худ номае дарёфт кардем ки онҳо вориди маҳсулоти бештар аз панҷ кило грамро аз Тоҷикистон тавассути шаҳрвандони ин кишвар маҳдуд кардаанд.

Ӯ афзуд: Дар муқобил, тарафи тоҷик ҳам тасмим гирифтааст ҳамин маҳдудиятҳоро барои шаҳрвандони узбак иҷроӣ кунад.

Камолзода, ки дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе сухан мегуфт, афзуд: Дар айни ҳол Тоҷикистон воридоти тухми мурғ аз Узбакистонро ҳечгоҳ маҳдуд накардааст.

Ба гуфтаи вай дар шаш моҳи аввали соли 2017, аз Русия, Қазоқистон ва Узбакистон  чаҳор ҳазору 356 тона тухми мурғ ба Тоҷикистон содир шудааст.

Дар шаш моҳи аввали соли равон низ аз кишварҳои дигар як ҳазору 363 тона тухми мурғ вориди Тоҷикистон шудааст.

Вай ҳамчунин афзуд, имсол воридоти тухми мурғ ба Тоҷикистон нисбат ба солҳои пеш ҳудудан ду ҳазор тона камтар буд.

Раиси Кумитаи бехатарии ғизоии Тоҷикистон иллати ин коҳишро афзоиши тавлидоти корхонаҳои мурғпарварии Тоҷикистон донист ва афзуд, корхонаҳои Тоҷикистон тавонистаанд ниёзи кишвар ба тухми мурғ ва гушти мурғро бо нархи дастрас ва муносиб ба бозор пешниҳод кунанд.

Камолзода ҳамчунин таъкид кард ҳеҷ ниҳоде дар кишвар дар хусуси маҳдудияти воридоти тухми мурғ аз Узбакистон тасмиме нагирифтааст.